Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
Сергей Лавров ин суханонро дар як нишасти хабарӣ дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баён намудааст. Тибқи гуфтаи Вазири корҳои хориҷии Русия кишвараш мехоҳад Созмони Милали Муттаҳид воқеан ба маркази ҳамоҳангсозии манфиатҳои ҳамаи кишварҳо табдил ёбад.
Ӯ гуфт, роҳбарони имрӯзии ин созмон бо сарварии Антониу Гутерриш наметавонанд талаботи асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳидро иҷро намоянд.
“Гутерриш бар асоси меъёрҳои дугона, ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал мекунад” - зикр намуд Сергей Лавров.
Ӯ ба масъалаи ҳуқуқи худмуайянкунӣ ишора намуда, афзуд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди Гренландия аз ин ҳуқуқ ёд мешавад, вале чунин мавқеъ нисбат ба Қрим, ки Русия онро бахше аз қаламраваш медонад, ба назар намерасад.
Сергей Лавров чанд лаҳза пеш дар ин хусус аз Гутерриш суол кардааст. Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид дар посух гуфтааст, ки ин масъала муддати тӯлонӣ баррасӣ шудааст ва масъалаи Гренландия аз Қрим фарқ мекунад.
Русия дар соли 2024 Қримро ба қаламраваш ҳамроҳ намуд, вале Украина ва аксари кишварҳои ҷомеи байналмилалӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ медонанд. Созмони Милали Муттаҳид низ соҳибихтиёрии Украина бар Қримро эътироф менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”