Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
Ироқчӣ рӯзи душанбе дар суҳбат бо хабарнигорони эронӣ дар “Ню-Йорк” гуфт, Эрон барои боз кардани тангаи Ҳурмуз иҷрои як қатор шартҳоро зарур медонад. Ба гуфтаи ӯ, ин шартҳо ҳам ба Амрико ва ҳам ба дигар кишварҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ расонида шудаанд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, Теҳрон чунин мавқеъ дорад, ки агар Вашингтон воқеан дар пайи созиш ё роҳи ҳалли осоишта бошад, Эрон роҳи расидан ба чунин ҳалли масъалаҳоро пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи Ироқчӣ, пешниҳоди Эрон, ки бо номи “Тарҳи ҳафтмоддаӣ” маъруф шудааст, тавассути Қатар ба ҷониби Амрико расонида шудааст. Ӯ гуфт, Эрон ҳанӯз мунтазири посухи расмии Вашингтон тавассути миёнаравҳо мебошад.
Ироқчӣ афзуд, ки яке аз миёнҷиҳо рӯзи душанбе бо ҳайати Эрон мулоқоти дигар анҷом додааст. Дар ин мулоқот дар бораи роҳҳои иҷрои шартҳои Эрон ва пайдо кардани роҳ барои амалӣ шудани онҳо гуфтугӯ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст миёнҷиҳо ин пешниҳодҳоро дубора ба ҷониби Амрико расонанд ва посухи ниҳоии Вашингтонро ба Теҳрон интиқол диҳанд.
Ӯ гуфт, интизор меравад посухи Амрико то рӯзи дигар расонида шавад ва агар посухе дарёфт шавад, қарор дар бораи он дар Теҳрон гирифта хоҳад шуд.
Ироқчӣ ҳамчунин, гузоришҳо дар бораи тағйир ё нарм шудани мавқеи Эронро рад кард. Ӯ гуфт, “ҳеч тағйире дар мавқеи Эрон сурат нагирифтааст” ва шартҳои Теҳрон барои боз кардани тангаи Ҳурмуз ҳамоно мушаххасанд.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, дар ҳоли ҳозир мавзуи асосии баҳс тангаи Ҳурмуз аст ва боз шудани он ба иҷрои шартҳое вобаста мебошад, ки ба ҷониби муқобил эълон шудаанд.
Ироқчӣ аз расонаҳо хост ба “гумонзаниҳо ва фазосозиҳои қасдона” дар бораи тағйири мавқеи Эрон таваҷҷуҳ накунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”