29 Сентябр 2026,
сешанбе, 19:53, Душанбе
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.

Ин мақоми эронӣ, ки нахоста номаш ошкор шавад, дар суҳбати матнӣ бо “Politico” гуфтааст, ки тағйирёбии мавқеи Трамп дар қиболи Эрон яке аз мушкилоти асосии музокирот аст.

Ӯ гуфтааст, то ҳол маълум нест, ки ҷониби Амрико барои расидан ба чӣ гуна созиш омода аст ва ҳадафи дарозмуддати Вашингтон дар ҳар марҳилаи музокирот чист.

Ба гуфтаи ин мақоми эронӣ, чунин вазъ гузаштан аз марҳилаи гуфтугӯҳо ва расидан ба як созиши мушаххасу амалиро душвор мекунад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки Трамп аз як тараф аз хоҳиши худ барои пешбурди дипломатия бо Эрон сухан мегӯяд, аммо аз ҷониби дигар, пешниҳоди ахири Эрон дар бораи боз кардани тангаи Ҳурмуз дар иваз ба лағви муҳосираи баҳриро рад кардааст.

Трамп дар посух ба хабарнигорон гуфтааст, ки Эрон мехоҳад ба созиш бирасад ва ӯ низ созиш карданро дӯст медорад, аммо созиши пешниҳодшуда барои Вашингтон қобили қабул нест.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши “Politico”, мақомҳои амрикоӣ иддао доранд, ки Теҳрон дар пешниҳоди нави худ талабҳои зиёдеро матраҳ кардааст, дар ҳоле ки имтиёзҳои чандоне пешниҳод намекунад.

Як мақоми Амрико гуфтааст, ба назар мерасад, ки Эрон мехоҳад Иёлоти Муттаҳида аз ибтидо имтиёзҳои зиёде диҳад ва баъдан умедвор бошад, ки Теҳрон ба уҳдадориҳои худ амал мекунад.

Ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, пешниҳоди Теҳрон дар ниҳоят метавонад ба вазъе оварда расонад, ки назорати тангаи Ҳурмуз дар ихтиёри Эрон боқӣ монад ва ин кишвар аз он даромад ба даст орад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 17:39

Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намуд, ки саноати нимноқилҳову батареяи мошинҳои барқии ин кишварро метавонад бо металлҳои нодир ва ранга таъмин кунад.
29.09.2026 16:48

Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ-ро ба он муттаҳам кард, ки дар бархе масъалаҳо бар асоси “меъёрҳои дугона” ва ба манфиати кишварҳои ғарбӣ амал менамояд.
29.09.2026 12:33

Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, шартҳои Теҳрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз, ки ба гуфтаи ӯ аз ҷониби раҳбари олии Эрон таъкид шудаанд, ба ҷониби Амрико расонида шудаанд.
29.09.2026 12:11

Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад

Як мақоми эронӣ ба расонаи “Палитико” (Politico) гуфтааст, ки Доналд Трамп ҳанӯз мавқеи рӯшан ва мушаххасе дар бораи он ки аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад, надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин номуайянӣ расидан ба як созиши мушаххасро душвор кардааст.
29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.