Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад, Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни суханронӣ оброз дошт, ки ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон бо мақсади содагардонӣ ва рақамикунонии расмиёти савдо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, стандартҳо ва низоми сертификатсия ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.
Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур аз то 30-юми сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, ҳайати кишварро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода роҳбарӣ менамояд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад