Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
Ин созмони ҳуқуқи башар рӯзи ҷумъа, 25-уми сентябр, гуфтааст, ки нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, дар ҳоле ки Вашингтон ба намояндагони Фаластин барои ширкат дар Маҷмаи умумии СММ раводид намедиҳад, “шармовар” аст.
Созмони Афви байналмилал гуфтааст, тақрибан ду сол аз содир шудани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ мегузарад, аммо ба гуфтаи ин созмон, беҷазоӣ ҳамчунон идома дорад.
Ин созмон ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои қудратманд набояд арзиши ҷаҳонии ҳуқуқи байналмилалиро заиф кунанд.
Созмони Афви байналмилал аз ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, хостааст, ки ҳукмҳои боздошти Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро иҷро кунанд ва Нетаняҳуро ба ин додгоҳ супоранд.
Ин созмони ҳуқуқи башар таъкид кардааст, ки ҳимоят аз механизмҳои адолати байналмилалӣ барои хотима додан ба беҷазоӣ дар мавриди ҷиноятҳои байналмилалӣ зарур аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”