27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
25.09.2026 18:17

Покистон аз рафъи ҳамлаи марзӣ ва кушта шудани чанд ҷангҷӯи Толибон хабар дод

Манобеи амниятии Покистон мегӯянд, неруҳои ин кишвар ҳамлаи гурӯҳи террористии Толибонро дар минтақаи марзии Гулистон рафъ карда ва чанд ҷангҷӯи ин гурӯҳро куштаанд.

Ба гузориши расонаҳои Покистон, 25-уми сентябр, манобеи амниятии ин кишвар гуфтаанд, ки дар ин ҳамла чанд ҷангҷӯи Толибон кушта шудаанд. Аммо онҳо дар бораи шумори дақиқи кушташудагон ва ҷузъиёти бештар аз ин даргирӣ маълумот надодаанд.

Манобеи Покистон ин амалиётро “талофӣ” номида ва гуфтаанд, ки он дар посух ба талоши вуруд ба хоки Покистон анҷом шудааст.

Толибон то кунун ба ин иддаои мақомоти Покистон дар бораи даргирӣ вокуниши расмӣ нишон надодаанд.

Идомаи танишҳо дар марз

Ин ҳодиса як рӯз пас аз он рух додааст, ки неруҳои ҳавоии Покистон рӯзи панҷшанбе чанд мавзеъро дар дохили Афғонистон ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Исломобод иддао кардааст, ки ин мавзеъҳо барои “партофт ва нигоҳдории ҳавопаймоҳои бесарнишин” истифода мешуданд.

Таниш миёни Покистон ва ҳукумати Толибон дар моҳҳои ахир бар сари фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои марзӣ афзоиш ёфтааст.

Покистон Толибонро ба паноҳ додан ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористӣ муттаҳам мекунад. Толибон ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ки ноамнӣ дар Покистон масъалаи дохилии худи он кишвар аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.