27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.

Бар асоси гузориши расонаҳои байналмилалӣ, нишасти ояндаи G20 қарор аст рӯзҳои 14 ва 15-уми декабр дар шаҳри Майамаи ИМА баргузор шавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, тасдиқ кардааст, ки даъвати Амрико ба Маскав расидааст. Ӯ гуфтааст, ки масъалаи ширкат ё накардани Путин тавассути музокироти дипломатӣ муайян хоҳад шуд.

Песков аз даъвати Вашингтон истиқбол карда ва гуфтааст, ки Русия аз Амрико барои ин иқдом сипосгузор аст.

Зеленский: “Барои мулоқот бо Путин омодаам”

Владимир Зеленский низ гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҷараёни нишасти G20 омодагӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҷанг миёни Русия ва Украина идома дорад ва талошҳои дипломатӣ барои коҳиши таниш ва расидан ба роҳи ҳалли низоъ идома доранд.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии ИМА, ахиран гуфтааст, ки то ҳол миёни Русия ва Украина дар бораи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои муҳимми энергетикӣ тавофуқе ба даст наомадааст.

Рубио таъкид кардааст, ки эҳтимол дорад ҷанг танҳо бо шикасти яке аз тарафҳо поён наёбад ва барои расидан ба созиш музокирот зарур аст.

Пешниҳоди музокироти сегона

Зеленский ҳамчунин, гуфтааст, ки ИМА пешниҳоди баргузории музокироти ибтидоии Украина, Русия ва ИМА-ро дар Амороти Муттаҳидаи Араб пешниҳод кардааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Правда”-и Русия аз қавли Зеленский, Вашингтон пешниҳод кардааст, ки пеш аз нишасти сегона дар сатҳи баланд, музокироти омодагӣ дар сатҳи техникӣ баргузор шавад.

Зеленский гуфтааст, Киев мунтазири пешниҳоди Амрико барои муайян кардани санаи ин музокирот аст.

Дар ҳамин ҳол, Кремл эҳтимоли аз сар гирифтани музокироти сулҳи сегона миёни Русия, Украина ва ИМА-ро рад накардааст. Бо вуҷуди ин, Маскав гуфтааст, ки ҳанӯз барои суҳбат дар бораи макони баргузорӣ ва санаи дақиқи чунин мулоқот барвақт аст.

Дар сурати амалӣ шудани ин музокирот, он метавонад яке аз талошҳои дипломатӣ барои баррасии роҳи коҳиши таниш ва ҳалли низои Русияву Украина бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.