27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:59, Душанбе
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.

Зеленский рӯзи чоршанбе дар суханронияш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Украина ахиран ин ду низомиро ба Кореяи Ҷанубӣ супурд”.

Аммо ӯ дар бораи замон, роҳ ва чигунагии интиқоли онҳо ҷузъиёти бештар пешниҳод накардааст.

Ба гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ бидуни тасдиқи мустақими суханони Зеленский гуфтааст, ки Сеул барои ҳалли ин масъала бо Киев ва дигар ҷонибҳои марбут дар машварат қарор дорад.

Ин вазорат таъкид кардааст, ки муайян кардани сарнавишти ин ду низомӣ бояд бар асоси иродаи озоди худи онҳо, қонунҳои байналмилалӣ ва принсипҳои башардӯстона анҷом шавад.

Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ ҳамчунин, гуфтааст, ки ба далели ҳассосияти масъала ва мулоҳизаҳои марбут ба амнияти низомиён ва хонаводаҳои онҳо, дар бораи вазъи кунунии ин афрод, замон ва роҳи интиқол ё ҷузъиёти музокирот бо Украина маълумот нашр нахоҳад кард.

Асорати ду низомии Кореяи Шимолӣ

Ин ду низомии Кореяи Шимолӣ моҳи январи соли 2025, ҳангоми даргириҳо дар минтақаи Курск, аз ҷониби неруҳои Украина асир гирифта шуданд.

Онҳо бахше аз ҳазорон неруи Кореяи Шимолӣ буданд, ки барои пуштибонӣ аз амалиёти низомии Русия дар ҷанги Украина ба Русия фиристода шудаанд.

Пас аз асир шудани онҳо, Кореяи Ҷанубӣ аз Украина хоста буд, ки ин ду нафарро ба Кореяи Шимолӣ барнагардонад. Сеул гуфта буд, агар онҳо хоҳиш дошта бошанд, омода аст онҳоро дар Кореяи Ҷанубӣ қабул кунад.

Ин ду низомӣ низ дар баъзе мусоҳибаҳои расонаӣ зоҳиран хоҳиши худро барои рафтан ба Кореяи Ҷанубӣ баён карда буданд.

Зеленский дар суханронии худ дар СММ ҳамчунин, иддао кардааст, ки асир гирифтани ин низомиён ба далели омӯзишҳое, ки дар Кореяи Шимолӣ дида буданд, кори душвор буда. Ӯ гуфтааст, яке аз онҳо пас аз огоҳ шудан аз эҳтимоли асир шудан талош кардааст худкушӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.