27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
25.09.2026 12:50

Даргирии шадид миёни неруҳои Толибон ва Покистон дар Қандаҳор

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки миёни ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон ва неруҳои Покистон дар ноҳияи Спин-Булдаки вилояти Қандаҳор, дар минтақаи хатти Девранд, даргирии шадид рух додааст.

Манобеъ рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, ба рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон гуфтаанд, ки ин даргирӣ шоми рӯзи гузашта оғоз шуда ва тақрибан ду соат идома кардааст.

То ҳол дар бораи шумори дақиқи кушташудагон ва захмиён, инчунин, чӣ гуна оғоз шудани даргирӣ маълумоти дақиқ нашр нашудааст.

Ин даргирӣ дар ҳоле рух додааст, ки неруҳои Покистон ба мавзеъҳое дар дохили Афғонистон низ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи манобеъ, аз ҷумла як маркази марбут ба ҷангҷӯёни Толибон дар минтақаи Сарои Мулло-соҳиб дар шаҳри Қандаҳор ва ҳамчунин, баъзе минтақаҳо дар вилояти Хуст ҳадафи ин ҳамлаҳо қарор гирифтаанд.

Толибон то замони нашри ин хабар дар мавриди даргирӣ ва талафоти эҳтимолӣ иттилои расмӣ пешниҳод накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Афғонистон дар такя ба манобеъи худ менависанд, ки дар Бемористони Қандаҳор пас аз ин ҳамла ҷасади чанд коргари сохтмон ба бемористон интиқол дода шудааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.