Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар дидори Рухшона Насриддинзода ва Ли Нинпин матраҳ гардид
24-уми сентябр муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Нинпин мулоқот намуд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо рушди босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин, бахусус нақши Вилояти Мухтори Синзян-Уйғурро дар савдои мутақобила муҳим арзёбӣ намуда, масъалаҳои таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ, рушди марказҳои логистикӣ, тиҷорати электронӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи қолаби «Осиёи Марказӣ - Чин» баррасӣ гардиданд.
Манбаъ меафзояд, ки дар доираи мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба ҷалби сармояи чинӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар самти коркарди маъданҳои сабз ва муҳим, бахусус рушди занҷири истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ зоҳир гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”