27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
25.09.2026 10:43

Пашинян дар Маҷмаи умумии СММ: “Сиёсати байналмилалии Арманистон дар ҳоли тағйир аст”

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, гуфтааст, ки равобит бо Эрон барои Ереван аҳамияти вижа дорад ва кишвараш мехоҳад муносибатҳо бо Теҳронро амиқтар кунад.

Пашинян ин нуктаро дар иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баён кардааст. Ӯ гуфтааст, ки равобит бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Эрон ва Гурҷистон, барои Арманистон муҳим аст.

Ба гуфтаи ӯ, Ереван ҳамчунин, дар талоши одисозии равобит бо Туркия қарор дорад. Пашинян гуфтааст, ки бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфтугӯҳои хуб доранд.

Равобит бо Русия дар ҳоли тағйир аст

Нахуствазири Арманистон гуфтааст, ки сиёсати хориҷии мутавозин заминаи ташкили ҷаҳони чандқутбӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Ереван бар асоси ҳамин сиёсат равобити худро бо кишварҳои гуногун тақвият медиҳад.

Пашинян ҳамчунин, ба муносибатҳои Арманистон ва Русия ишора карда, гуфтааст, ки ин равобит дар ҳоли тағйир қарор дорад. Ӯ сабаби муҳимми ин тағйиротро ба танишҳои гузашта миёни Арманистон ва Озарбойҷон рабт додааст.

Ба гуфтаи Пашинян, аз байн рафтани низоъ миёни ду кишвар барои беҳбуди муносибатҳои Арманистон бо давлатҳои гуногун, аз ҷумла Русия, имкони нав фароҳам кардааст.

“Роҳи Трамп” ва роҳҳои транзитӣ

Пашинян таъкид кардааст, ки сулҳ миёни Арманистон ва Озарбойҷон барои Қафқози Ҷанубӣ имкониятҳои нав ба вуҷуд овардааст. Ӯ аз зарурати рушди роҳҳои транзитии минтақа, аз ҷумла таъсиси “Роҳи Трамп”, сухан гуфтааст.

Нахуствазири Арманистон гуфтааст, масъалаи таъсиси ин масир дар Маҷлиси миллии кишвараш баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Ереван дар ҳамкорӣ бо ИМА барои ба кор даровардани ин роҳи транзитӣ ширкате таъсис медиҳад.

Пашинян ҳамчунин, хостори рушди роҳҳои транзитӣ миёни Арманистон ва Озарбойҷон ва пайвастани Нахҷувон ба Боку шудааст. Ӯ гуфтааст, ки эҳёи роҳҳои оҳани давраи Иттиҳоди Шӯравӣ метавонад ба осон шудани ҳаракати молу мусофирон дар минтақа мусоидат кунад.

Васл шудани Халиҷи Форс ба Баҳри Сиёҳ

Пашинян нақши Арманистонро дар масири “Шарқ–Ғарб” муҳим донистааст. Ӯ гуфтааст, ки эҳёи роҳҳои транзитӣ дар Қафқози Ҷанубӣ ва таъмини сулҳу субот метавонад ба осон шудани транзит дар масири “Шимол–Ҷануб” низ мусоидат кунад.

Ба гуфтаи ӯ, пайвастани роҳи оҳани Нахҷувон ва Арманистон метавонад интиқоли мол аз Халиҷи Форс ба Баҳри Сиёҳро осон кунад.

Нахуствазири Арманистон ҳамзамон бар беҳбуди муносибатҳо бо Озарбойҷон бар асоси эҳтироми мутақобил, тамомияти арзӣ ва истиқлоли ду кишвар таъкид кардааст.

Ӯ ҳамчунин, хостори муайян кардани сарнавишти афроди бедаракшудаи ду кишвар, ҳалли масъалаи асирони ҷангӣ ва поксозии минаҳо дар марзҳо шудааст.

Иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии СММ

Бар асоси омор, раҳбарон ва намояндагони 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз 22 то 28-уми сентябри соли 2026 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ҷамъ омадаанд.

Онҳо дар иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии СММ масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва таҳаввулоти ҷаҳонро баррасӣ мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.