Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ройтерз: Амрико ва Эрон дар ҳоли баррасии як роҳи марҳилавӣ барои поёни ҷанг ҳастанд
Музокиракунандагони амрикоӣ ва эронӣ дар Ню-Йорк дар ҳоли баррасии як масири марҳилавӣ барои поён додан ба ҷанг ҳастанд, ки бар асоси он, Эрон тангаи Ҳурмузро бозгушоӣ ва Амрико муҳосираи иқтисодӣ алайҳи Теҳронро лағв мекунад.
Ройтерз рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, гузориш дода, ки ин тарҳ дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки тангаи Ҳурмуз ба яке аз аслитарин абзорҳо миёни ду тараф барои поён додан ба даргирии наздик ба ҳафтмоҳа табдил шудааст.
Ба гуфтаи манобеи наздик ба музокирот, Эрон ба дунболи поёни муҳосираи иқтисодӣ ва дастрасӣ ба дороиҳои масдудшудаи худ мебошад, дар ҳоле ки Амрико хоҳони бозгашти убури озоди киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз аст.
Як мақоми аршади эронӣ гуфта, ки беҳтарин роҳ барои поёни ин даргирӣ, тавофуқи марҳилавӣ аст, ки бар асоси он, Эрон дар баробари лағви муҳосираи иқтисодии Амрико ва дастрасӣ ба дороиҳои масдудшуда, иҷозаи гузар аз тангаи Ҳурмузро бидиҳад.
Гуфта мешавад, ки чолиши аслии музокиракунандагон танҳо дастёбӣ ба тавофуқ нест, балки итминон аз пойдор будани имтиёзҳои ду тараф ва эҷоди эътимод барои иҷрои он низ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”