Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Даҳҳо намоянда ҳангоми суханронии Нетаняҳу дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид толорро тарк карданд
Даҳҳо намоянда рӯзи панҷшанбе, ҳамзамон бо оғози суханронии Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, толори ин маҷмааро тарк карданд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, гузориш додааст, ки суханронии Нетаняҳу дар ҳоле баргузор шуд, ки Исроил ба далели ҷанг дар Ғазза бо интиқодҳои рӯзафзун аз ҷониби шуморе аз раҳбарони ҷаҳон рӯбарӯ аст.
Бар асоси гузориш, хуруҷи намояндагон аз толор ҳамзамон бо оғози суханронии сарвазири Исроил анҷом шудааст.
Дар ҳамин ҳол, полиси шаҳри Ню-Йорк шуморе аз эътирозгарон алайҳи Нетаняҳу ва идомаи хушунатҳои Исроил дар Фаластинро пеш аз оғози суханронии ӯ боздошт кардааст.
Эътирозгарон дар назди бинои Созмони Милали Муттаҳид ҷамъ омада буданд ва алайҳи сиёсатҳои Исроил дар қиболи фаластиниён эътироз доштанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”