27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:07, Душанбе
24.09.2026 16:25

Додгоҳи Амрико дастрасии хабарнигорони се расона ба Кохи сафедро барқарор кард

Як додраси федералии Иёлоти Муттаҳида ба маъмурияти Доналд Трамп дастур дод, ки дастрасии хабарнигорони се расонаи бузурги амрикоӣ ба Кохи сафедро барқарор кунад.

Додрас Тим Келлӣ аз Додгоҳи ИМА ин қарорро дар парвандаи шикояти се расонаи “Politico”, “CNN” ва “MS NOW (MSNBC) алайҳи ҳукумати Трамп содир кард. Ин расонаҳо ба маҳдудияти дастрасӣ ба Кохи сафед, ки Трамп рӯзи 18-уми сентябр эълон карда буд, эътироз карда буданд.

Бар асоси қарори додгоҳ, ҳукумати ИМА бояд иҷозаи вуруди хабарнигорони ин расонаҳоро фавран барқарор кунад. Ҳамчунин, мақомҳои Кохи сафед барои 14 рӯз ҳаққи иҷрои ин маҳдудиятро надоранд.

Додрас Келлӣ гуфтааст, ки маҳдудияти ҷоришуда эҳтимолан бо ислоҳи аввали Қонуни асосии ИМА, ки озодии баён ва матбуотро ҳифз мекунад, мухолифат дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин маҳдудият ҳамчунин, метавонад бо ҳуқуқи бархӯрдорӣ аз раванди қонунии одилона мухолиф бошад.

Додгоҳ ҳамчунин, далели ҳукумати Трампро, ки маҳдудияти дастрасӣ бо масъалаҳои амнияти миллӣ иртибот дорад, қабул накардааст.

Вазорати адлияи ИМА дар мавқеи худ гуфта буд, ки дастрасӣ ба Кохи сафед ҳаққи мутлақ нест, балки имтиёз аст ва раиси ҷумҳур метавонад онро боздорад.

Дар ҳамин ҳол, эътилофе аз созмонҳои ҳомии озодии матбуот ва даҳҳо созмони хабарӣ дар ҳуҷҷати ҳуқуқие, ки ба нафъи се расона пешниҳод карданд, гуфтаанд, ки маҳрум кардани хабарнигорон ва расонаҳо аз дастрасӣ ба далели тарзи инъикоси хабарҳо бо даҳсолаҳо таҷрибаи ҳуқуқии Додгоҳи олии ИМА мухолифат дорад.

Қарори додгоҳ дар ҳоле содир шудааст, ки муносибати маъмурияти Трамп бо расонаҳои хабарӣ дар моҳҳои охир ба яке аз баҳсҳои умдаи ҳуқуқӣ миёни Кохи сафед ва ҷомеаи журналистӣ табдил ёфтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.