27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
24.09.2026 16:01

Президенти Эрон дар СММ: “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки “Ҳеч кас наметавонад Эронро нобуд кунад”.

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба ин ки ҳайати эронӣ барои ҳимояти манфиатҳои Эрон ба шаҳри Ню-Йорк сафар кардаанд, гуфта буд: “Дар суханронии худ дар ин Маҷмаа воқеиятҳо дар бораи сиёсатҳои ИМА нисбат ба Эрон ва баъзе кишварҳои дигарро рӯшантар баён мекунам”.

Президенти Эрон аз сиёсатҳои Амрико дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон интиқод кард ва онро мухолифи қоидаҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои башардӯстона арзёбӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд Эрон дар солҳои охир бо фишорҳои мухталиф рӯ ба рӯ шудааст, мардуми ин кишвар ҳанӯз дар саҳна ҳузур доранд.

Масъуд Пизишкиён ҳамчунин, дар хусуси вазъи Ховари Миёна, бахусус ҷанг дар Ғазза ва Лубнон сухан намуда, таъкид кард, ки амалиёти Исроил мухолиф бо қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, гузоришҳои зиёд дар хусуси талафот ва ранҷу азоби аҳолии ғайринизомӣ нашр шудааст.

Президенти Эрон аз кушта шудани бархе шаҳрвандон, донишмандон, фармондеҳон ва мансабдорони эронӣ дар ин ҳамлаҳо ва амалиётҳо ёд намуд.

Масъуд Пизишкиён дар идомаи суханонаш ба мулоқотҳои ҳайати эронӣ дар ҳошияи иҷлоси Созмони Милали Муттаҳид ишора намуд. Тибқи гуфтаи ӯ, намояндагони Эрон бо мақомоти як қатор кишварҳо, аз ҷумла сарвазири Ироқ ва раиси ҷумҳури Швейтсария мулоқот намуданд.

Ӯ гуфт, вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ низ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои мухталиф мулоқот намудааст ва бархе аз ин машваратҳо то ҳанӯз идома доранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.