Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
Полиси шаҳри Душанбе як сокини 32-соларо ба иттиҳоми ташкил намудани ҷой барои танфурӯшӣ боздошт намудааст.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино, рӯзи 24-уми сентябр дар ҷараёни амалиёти оперативӣ сокини шаҳр Кодирова Гулпариро боздошт кардаанд.
Дар вақти санҷиш муқаррар шудааст, ки муттаҳам барои ба даст овардани фоидаи молӣ хонаи истиқоматии падараш, дар кӯчаи Испечакро барои ташкили фоҳишахона истифода бурдааст.
Мақомоти корҳои дохилӣ мегӯянд, дар ин хона барои анҷом додани амалиётҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Нисбати Қодирова Гулпарӣ бар асоси моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ӯ то анҷом додани таҳқиқот дар боздошт қарор дорад. Мақомот то ҳол тафсилоти бештар дар хусуси парванда ва шумораи шахсони эҳтимолан ҷалбшуда ба ин фаъолиятро нашр накардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”