Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз бошдошти сокини пойтахт бо гумони қаллобӣ хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино Назарализода Муҳайё, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе, ки қаблан бо ҳамин ҷурм суд шудааст, дубора дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи санҷиши пешакӣ муайян гардид, ки номбурда худро соҳибкор муаррифӣ намуда, бо мақсади машғул шудан ба тиҷорат маблағҳои гуногуни пулии шаҳрвандонро аз худ намудааст.
Мувофиқи иттилои дастрас, номбурда аз шаҳрванд Боронова З. 80 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст ва дар то ҳол 6 ҳолати қаллобии ӯ ошкор шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки вобаста ба кирдорҳои ҷиноятии Назарализода М. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”