26 Ноябр 2026,
панҷшанбе, 15:39, Душанбе
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.

Ин асар натиҷаи кори як рассом нест. Дар офаридани он беш аз 400 рассом, ҳунарманд ва мутахассис аз панҷ минтақаи Чин - Синхай, Тибет, Гансу, Сичуан ва Юннан  иштирок кардаанд. Аз оғози таҳияи идея то анҷоми ҷилди аввал 27 сол гузашт.

Ҳоло ин асар дар Осорхонаи фарҳанги тибетии Синхай дар шаҳри Синин ба намоиш гузошта мешавад.

Аз идея кучак то асари бузург

Муаллифи асосӣ ва роҳбари лоиҳа устоди санъати анъанавии тибетӣ Сзунчжэ Латсзе (宗者拉杰)мебошад.

Тибқи маълумот, Латсзе аз соли 1972 ба ҷамъоварии маводи таърихӣ ва фарҳангӣ шуруъ кардааст. Ӯ мехост таърихи мардуми Тибетро тавассути забони тханка - санъати анъанавии тасвирии тибетӣ ба наслҳои баъдӣ расонад.

Лоиҳа тадриҷан қолаби дигар гирифт. Латсзе аввалин эскизҳои худро худаш таҳия кард ва баъдтар барои иҷрои он гурӯҳи рассомон ва мутахассисонро ҷамъ овард. Соли 1996 кумитаи эҷодии лоиҳа таъсис ёфт. Мутахассисон дар минтақаҳои гуногуни тибетнишин маълумот ҷамъ карданд ва мундариҷаи асар борҳо бозбинӣ шуд.

Дар натиҷа, андозаи пешбинишудаи асар аз 300 метр ба 618 метр расид.

618 метр тасвир

Ҷилди аввали “Панорама” 618 метр дарозӣ ва 2,5 метр паҳноӣ дорад. Масоҳати он беш аз 1 500 метри мураббаъ буда, вазнаш тақрибан 1,5 тонна аст.

Дар он беш аз 700 тасвири тханка ва зиёда аз 183 ҳазор тасвири инсонӣ ҷой гирифтааст. Дар ду канори рӯйхат зиёда аз 3 000 нақши ороишӣ истифода шудааст.

Мавзуъҳои асар низ гуногунанд: таърих ва дин, фарҳанг ва санъат, тиб, астрономия, ҷуғрофия, афсонаҳо ва урфу одатҳои мардумӣ.

Ба ҳамин далел, расонаҳои чинӣ онро “энсиклопедия”-и тасвирии фарҳанги тибетӣ меноманд.

Ранг аз тилло, нуқра ва сангҳои қиматбаҳо

Қисми дигари ҷолиби асар маводи истифодашуда аст.

Тибқи маълумот барои рангубори он аз тилло, нуқра, марворид, марҷон ва ақиқ истифода шудааст. Дар баробари маводи минералӣ, баъзе пигментҳо аз растаниҳо, аз ҷумла заъфарон ва рубарб, омода шудаанд.

Ҳадаф аз истифодаи чунин мавод танҳо ба даст овардани рангҳои дурахшон набуд. Ин пигментҳои табиӣ ҳангоми нигоҳдории мувофиқ метавонанд муддати хеле дароз хусусияти худро нигоҳ доранд.

Рекорди ҷаҳонӣ

Ҷилди аввали асар моҳи сентябри соли 1999 ба анҷом расид. Баъд аз чанд моҳ, моҳи декабри ҳамон сол, он ба “Great World Guinness” ворид шуд ва ҳамчун дарозтарин тханкаи ҷаҳон муаррифӣ гардид.

Аммо барои Латсзе ин анҷоми кор набуд. Соли 2005 ӯ ба таҳияи ҷилди дуюми асар шуруъ кард. Ҷилди дуюм соли 2019 ба анҷом расид, ки 410 метр дарозӣ дорад.  Соли 2025 расонаҳои чинӣ хабар доданд, ки ҷилди дуюм низ дар Осорхонаи фарҳанги тибетии Синхай ҷойгир карда шудааст. Ҳамин тавр, ду ҷилди асар ба ҳам омаданд ва дарозии умумии онҳо ба 1 028 метр расид. Барои офаридани ду ҷилд беш аз 430 рассом иштирок кардаанд.

Журналистони Осиёи Марказӣ дар тамошои он

Ин асар дар маркази таваҷҷуҳи меҳмонони Осиёи Марказӣ низ қарор гирифт.

17-уми сентябри соли 2026 дар Синин барномаи “Ҳамдилона ба сӯйи оянда - 2026: насли Z-и Осиёи Марказӣ ба пойтахти тобистонаи Чин” оғоз шуд. Дар он беш аз 40 ҷавонон ва намояндагони расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карданд.

Дар доираи барнома меҳмонон аз Осорхонаи фарҳанги тибетии Синхай, Маркази намоишгоҳи шаҳрии Синин, Боғи ҳайвоноти ваҳшии Синин ва Осорхонаи мероси фарҳангии ғайримоддии шаҳр боздид карданд.

Барои иштирокдорон ин боздид ба шиносоии як ҷузъи фарҳанги минтақа имкон дод: фарҳанге, ки дар тханкаи 618-метра бо тасвири таърих, дониш ва зиндагии мардум нақл мешавад.

Таърих дар рӯйхат

“Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” имрӯзҳо як экспонати бузурги осорхона аст.Ин асар нишон медиҳад, ки чӣ гуна санъати анъанавӣ метавонад барои ҳифзи хотираи фарҳангӣ истифода шавад. Барои эҷоди ҷилди аввал 27 сол лозим шуд: баъд аз он кори Латсзе идома ёфт ва лоиҳа ба як маҷмуаи беш аз яккилометра табдил ёфт.

Ҳангоми нигоҳ кардан ба ин асар шояд аввал миқёси он ба назар расад: 618 метр дар як ҷилд ва 1028 метр дар ду ҷилд.

Аммо ин рақамҳо бо як идеяи ҷолиб таърихро нишон медиҳад: идеяи ба тасвир овардани фарҳанг барои он ки наслҳои баъдӣ онро да баробари хондан, бубинанду ҳаловат баранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.11.2026 12:58

Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар деҳаи Маликдашти ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳр корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонии «Нони Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:55

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар деҳаи Деҳлоли ҷамоати деҳоти Чашмасорони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48-ро мавриди истифода қарор доданд.
26.11.2026 12:54

Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж

25-уми ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж дар доираи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо иштироки Оркестри давлатии симфонӣ ва ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид.
26.11.2026 09:41

Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд

Ким Чин Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, таъкид кардааст, ки силоҳҳои ҳастаии тактикӣ бояд дар бахшҳои гуногун ҷойгир ва иқтидори истеҳсоли маводи ҳастаӣ дар кишвараш афзоиш дода шавад.
26.11.2026 09:16

Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад

Шурои Иттиҳоди Аврупо ҷудо кардани 45 миллиард евро барои Украинаро тасвиб кард. Ин маблағ бахше аз барномаи дусолаи кумаки молӣ ба Киев аст, ки ҳаҷми умумии он 90 миллиард евроро ташкил медиҳад.
25.11.2026 17:40

Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад

Миллионҳо хонавода дар Британия аз оғози соли нави мелодӣ бо афзоиши назарраси хароҷоти неруи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд. Мақомоти танзимкунандаи бозори энержии ин кишвар эълон кардаанд, ки ҳадди ниҳоии нархи барқ ва газ барои сокинон 26 дарсад боло бурда мешавад. Ин тасмим дар ҳолест, ки болоравии нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва танишҳо дар Ховари Миёна ба бозори энержии Британия таъсир расонидаанд.
25.11.2026 17:28

Ройтерз: Фишори Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Путин натиҷаи баръакс дод

Ройтерз аз қавли як таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Раҷаб Сафаров навишт, ки фишори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои боздошти Владимир Путин дар вақти сафар ба шаҳри Душанбе натиҷаи баръакс дод. Ӯ гуфтааст, ки қарори Тоҷикистон дар бораи хуруҷ аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба афзоиши сиёсисозии фаъолияти ин ниҳод рабт дорад.
25.11.2026 14:38

Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд минтақаи ин кишвар дар шаби гузашта идома ёфта, дар натиҷаи он як нафар кушта ва хисороти молӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар баъзе минтақаҳо қатъи неруи барқ гузориш шудааст.
25.11.2026 14:28

Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард

Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳури мардумии Чин эълон кардааст, ки Пекин аз талошҳои мардуми Фаластин барои расидан ба ҳуқуқҳои қонунии миллии худ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Ӯ ҳамчунин, ҳар гуна кӯшиши ишғоли сарзаминҳои Фаластин ва нақзи ҳуқуқи мардуми ин кишварро маҳкум карда, онро ғайриқобили қабул донистааст.