Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд
24-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бори аввал панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) оғоз шуд.
Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ (RIPE NCC) дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Тоҷиктелеком» ва бо дастгирии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, 24-уми ва 25-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Хадамоти алоқа хабар медиҳад, дар форум намояндагони ҷомеаи интернетӣ, провайдерони хизматрасонии интернет, операторони шабака, нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет, мақомоти давлатӣ, сохторҳои танзимкунанда, коршиносони техникии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо иштирок доранд.
Манбаъ навиштааст, ки дар доираи CAPIF-5 дар давоми ду рӯз як қатор панелҳои муҳокимавӣ баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори интернет, таҳкими пайвастшавии рақамӣ, мубодилаи трафик, баланд бардоштани самаранокии шабакаҳо ва густариши ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
"Баргузории CAPIF-5 дар Тоҷикистон барои муаррифии имкониятҳои соҳаи алоқа ва инфрасохтори рақамии кишвар, табодули таҷриба ва таҳкими робитаҳои касбӣ миёни мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад", афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”