Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвазири Испания ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонд
Педро Санчес, сарвазири Испания, ҷанги Исроил дар Ғаззаро “наслкушӣ” хонда ва онро шадидан маҳкум кардааст.
“Ал-Ҷазира” рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр, гузориш додааст, ки сарвазири Испания ин мавзуъро дар суханронии худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баён кардааст.
Бар асоси гузориш, Санчес гуфтааст, ки дар ҳашт соли гузашта Испания бо “ҳамаи ҷангҳои таҷовузкорона, дар ҳар куҷое, ки оғоз шудаанд, чӣ дар Украина, чӣ дар Лубнон ва чӣ дар Эрон” мухолифат кардааст.
Ӯ гуфтааст, ки Испания ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия, ҷорӣ кардани таҳримҳои низомӣ алайҳи Исроил ва манъи истифодаи хоки худ барои анҷоми таҷовузе, ки хилофи қонунҳои байналмилалӣ бошад, пойбанд будааст.
Сарвазири Испания таъкид кардааст, ки Испания “наслкушиеро, ки Нетаняҳу ҳамчунон дар Ғазза анҷом медиҳад, ба таври қатъӣ” маҳкум мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Испания аз дар ихтиёри артиши Амрико гузоштани пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои низомии худ дар замони даргирӣ бо Эрон низ худдорӣ карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”