Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон ба нуқтаҳое дар Афғонистон ҳамла кард
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, эълом кардааст, ки ин кишвар дар ҷавоб ба ҳамлаҳои паҳподӣ, ки як рӯз қабл аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон анҷом шуда буд, ба 10 нуқта дар саросари Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.
Тарор рӯзи панҷшанбе, 24-уми сентябр дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки Покистон дар чорчӯби амалӣ кардани ҳуқуқи соҳибихтиёрии худ барои дифои қонунӣ ин ҳамлаҳоро анҷом додааст.
Ӯ афзуда ва иддао кардааст, ки ин ҳамлаҳо “қасдона, дақиқ ва мутаносиб” буда, танҳо ба ҳадафҳои низомии муайяншуда маҳдуд мешуданд, ки мустақиман ба талошҳо барои ҳамла ба Покистон иртибот доштанд.
Ин мақоми покистонӣ ҳамлаҳои бесарнишини рӯзи гузаштаи Толибон ба ин кишварро нақзи ошкори соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Покистон донистааст.
Вазири иттилоот ва нашароти Покистон дар бораи анҷоми ҳамлаҳо ба ин кишвар ба Толибон ҳушдор дода ва гуфтааст, ки Покистон ҳамлаҳо аз хоки Афғонистонро “на мепазирад ва на таҳаммул мекунад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”