Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Покистон аз сарнагунсозии ҳашт ҳавопаймои бесарнишини мансуб ба Толибон хабар дод
Расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки неруҳои амниятии ин кишвар ҳашт ҳавопаймои бесарнишини мансуб ба гурӯҳи террористии Толибонро пас аз ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Покистон дар наздикии марзи Турхам ва шаҳри Куҳот сарнагун кардаанд.
Рӯзномаи “Дон” рӯзи чаҳоршанбе, 23-юми сентябр ба нақл аз манобеи амниятӣ гузориш додааст, ки чаҳор адад аз ин ҳашт ҳавопаймои бесарнишин дар манотиқи наздик ба гузаргоҳи Турхам ва чаҳор адади дигар дар наздикии Куҳот сарнагун шудаанд.
Ин ҳодиса ду рӯз пас аз он рух додааст, ки Покистон минтақаҳое аз вилоятҳои Кунар ва Пактикоро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод.
Бо ин ҳол, Толибон дар ин маврид ба таври мустақил изҳори назар накардаанд: аммо расонаҳои таҳти назорати ин гурӯҳ ба нақл аз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гузориш додаанд, ки иддаоҳои матраҳшуда дар бораи вуруди ҳавопаймоҳои бесарнишини мансуб ба ин гурӯҳ ба хоки Покистон нодурустанд.
Муҷоҳид гуфтааст, ки гузоришҳо дар бораи вуруди ҳашт адад ҳавопаймои бесарнишини мансуб ба Толибон ба ҳарими ҳавоии Покистон саҳеҳ нестанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”