Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский аз кишварҳои ғарбӣ хост фишор ва таҳримҳо алайҳи Русияро идома диҳанд. Ӯ ин дархостро дар ҳоле баён кард, ки барои иштирок дар нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк қарор дорад.
Зеленский дар шабакаи иҷтимоии «Х» навишт, ки аз субҳи имрӯз корҳои бартараф кардани паёмадҳои ҳамлаҳои Русия ба Киев идома доранд. Ба гуфтаи ӯ, Русия ба сӯйи пойтахти Украина шумори зиёди ҳавопаймоҳои бесарнишин партоб кардааст, ки бархе аз онҳо бо муҳаррики реактивӣ муҷаҳҳаз будаанд.
Раиси ҷумҳури Украина иддао кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо ба Киев ва чанд минтақаи дигари ин кишвар ду нафар кушта ва 24 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт, ки ҳашт вилояти дигар низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Ба гуфтаи Зеленский, Русия дар ин ҳамлаҳо зербиноҳои ғайринизомӣ ва муҳим, аз ҷумла иншооти дорусозӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, роҳҳои оҳан, зербиноҳои алоқа ва марказҳои тиҷоратиро ҳадаф қарор додааст.
Зеленский, ки дар Ню-Йорк бо намояндагони кишварҳои дигар мулоқот мекунад, гуфт, Украина дар тамоми вохӯриҳои ҳошияи Маҷмаи Умумии СММ барои идомаи пуштибонии байналмилалӣ аз Киев талош дорад.
Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки ба гуфтаи ӯ, идомаи таҳримҳо алайҳи Русия низ муҳим аст. Зеленский аз кишварҳои ҳампаймони Украина хост фишор бар Маскавро идома диҳанд ва гуфт, таҳримҳо бояд ба Русия паёми равшан диҳанд, ки ҷанг бояд поён ёбад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”