27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
23.09.2026 15:41

Дар панҷ сол саноати Тоҷикистон беш аз 34 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст

Аз соли 2020 то соли 2025 ҳаҷми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон 1,8 фоиз рушд карда, ба 34,7 миллиард сомонӣ расидааст.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҳаҷми истеҳсоли саноати истеҳсолии Тоҷикистон дар соли 2020 19, 1 миллиард сомонӣ буд. Дар соли 2025 ин нишондод ба 34,7 миллиард сомонӣ расид.

Аз рӯйи омор дар соли 2025 ҳиссаи асосии истеҳсолот ба саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла истеҳсоли нӯшокиҳо ва маҳсулоти тамоку рост омад. Ҳаҷми маҳсулоти ин бахш 12,4 миллиард сомониро ташкил додааст. Металлургия ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри металӣ ба ҳаҷми 10,6 миллиард доллар расидааст.

Дар муқоиса бо соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 75 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ ва металли тайёр 114 фоиз зиёд шудааст.

Бар асоси омори ин ниҳод, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минералии ғайрифилизӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ ба 3,853 миллиард сомонӣ расид. Афзоиши ин ду бахш дар панҷ сол 42 фоиз арзёбӣ шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.