Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Як корд мусодира шуд. Муноқишаи гурӯҳӣ пешгирӣ гардид
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз пешгирии муноқишаи гурӯҳӣ хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки аз ҷониби кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо мусоидати масъулини МТМУ №128-и ноҳияи мазкур муноқишаи гурӯҳӣ байни ноболиғон пешгирӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ноболиғон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо сабабҳои ночиз бо ҳамдигар баҳс намуда, баъд аз дарс мехостанд муноқиша кунанд.
"Бо ин мақсад, яке аз ноболиғон аз манзили истиқоматиаш бо худ як адад корд гирифта, ба мактаб бурдааст. Ҳангоми кофтуков аз ҷониби кормандони милитсия корди мазкур аз ноболиғ пайдо карда шуд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Тибқи иттилои манбаъ, вобаста ба ин, нисбат ба волидони ноболиғон тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”