Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
МОИ “Данғара” бо “Гомел-Ратон”-и Беларусия роҳҳои нави ҳамкориҳои логистикиро меҷӯяд
Раисони минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”-и Тоҷикистон ва “Гомел-Ратон”-и Беларус дар хусуси рушди ҳамкории логистикӣ, ҷалби сармоя ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ гуфтугӯ намуданд.
Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти маҷозии роҳбарони ду минтақаи озоди иқтисодӣ баррасӣ гардид. Ҷамшед Собирзода, раиси маъмурияти Минтақа озоди иқтисодии “Данғара” ва Владимир Привалов, раиси МОИ “Гомел-Ратон” ҳамчунин, масъалаи табодули таҷриба дар идора ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро баррасӣ намудаанд.
Ду ҷониб барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва пайдо намудани самтҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намудаанд.
Ҷамшед Собирзода гуфта, ки рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус метавонад ба густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат намояд.
Имрӯз дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ - “Суғд”, “Данғара”, “Кӯлоб”, “Панҷ” ва “Ишкошим” фаъолият доранд. Гуфта мешавад, ки то 1-уми январи соли 2025 дар ин минтақаҳо 197 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Бар асоси иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар моҳҳои январ - апрели соли 2026 дар МОИ “Суғд” 21 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 177, 4 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16, 6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар ҳамин давра 7 корхонаи саноатӣ фаъол буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 42, 5 миллион сомониро ташкил намудааст.
Раисони ду минтақаи озоди иқтисодӣ имконияти ҷалби сармоягузориҳои нав ва роҳандозии самтҳои нави ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ намудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст