Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Ҳимояти Бритониё аз режими Исроил дар Маҷмаи Умумӣ
Энди Бернем, сарвазири Бритониё дар суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки кишвараш дар муқобили таҳдидҳо алайҳи Исроил ва яҳудиён дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла аз ҷониби Эрон, дар канори Исроил меистад.
Бернем, ки дар ҳошияи нишасти солонаи СММ дар Ню-Йорк суханронӣ мекард, гуфт, Бритониё яке аз наздиктарин муттаҳидони ИМА мебошад.
Бо ин ҳол, ӯ таъкид кард, ки таҳдидҳо алайҳи режими Исроил наметавонанд амалиёти ин кишвар дар Ғазза ва Каронаи Бохтариро сафед кунанд.
Ба гуфтаи Бернем, ҳаҷми кумакҳои башардӯстонае, ки ба Ғазза мерасанд, ҳанӯз аз ниёзҳои аҳолӣ хеле кам аст ва буҳрони башарӣ дар ин минтақа муддати тӯлонӣ идома дорад.
Сарвазири Бритониё гуфт, кишвараш барои нигоҳ доштани имкони таъсиси давлати Фаластин ва татбиқи роҳи ҳалли «ду давлат» талош хоҳад кард.
Лондон Русияро низ муттаҳам кард
Бернем дар бахши дигари суханронии худ гуфт, ки Бритониё далелҳое дар даст дорад, ки созмонҳои Русия дар интихоботи умумии Бритониё дар соли 2019 талоши дахолат доштаанд.
Ӯ ҳамчунин, иддао кард, ки Кремл ҳамасола тақрибан 1,3 миллиард фунт барои таъсиргузорӣ ба иттилоот сарф мекунад.
Дар бораи ҷанги Украина низ Бернем гуфт, ки Бритониё пуштибонии низомии худро аз Киев идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Лондон ҳамзамон бо тақвияти иқтидори мудофиавии кишварҳои аврупоӣ, тавоноии низомӣ ва имкониятҳои боздорандаи худро низ тақвият хоҳад дод.
Мавқеи эълонкардаи Бернем дар ҳоле садо медиҳад, ки масъалаи ҷанги Ғазза, ояндаи давлати Фаластин ва таҳдидҳои вобаста ба низоъҳои Ховари Миёна аз мавзуъҳои калидии баҳсҳо дар Маҷмаи Умумии СММ мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад