27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:59, Душанбе
23.09.2026 09:06

Иддаои Уиткофф: “ИМА ва Эрон тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом доданд”

Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар умури Ховари Миёна мегӯяд, ки намояндагони Амрико ва Эрон дар ҳошияи нишастҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк тавассути миёнаравҳо музокироти тӯлонӣ анҷом додаанд.

Ба гуфтаи Уиткофф, миёнаравҳо байни ду тараф дар рафтуомад буда, як даври музокиротро ба анҷом расондаанд. Ӯ ин гуфтугӯҳоро “созанда ва умедбахш” арзёбӣ карда, гуфтааст, ки кори миёнаравҳо дар рӯзҳои оянда идома хоҳад ёфт.

Уиткофф ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо ва номи миёнаравҳоро ошкор накардааст.

Пеш аз ин низ баъзе расонаҳои арабӣ хабар дода буданд, ки Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар ҳошияи нишастҳои Маҷмаи Умумии СММ пешниҳодҳои Теҳронро барои аз сар гирифтани музокирот бо ИМА ба миёнаравҳо пешниҳод кардааст.

Доналд Трамп низ иддао карда буд, ки Уиткофф ва Ҷаред Кушнер бо миёнаравҳои эронӣ мулоқоти «хеле созанда» доштаанд. Ба гуфтаи Трамп, ҳоло бояд дид, ки натиҷаи ин талошҳо чӣ хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин, изҳори умедворӣ кардааст, ки ду тараф метавонанд ба тавофуқ бирасанд.

То ҳол аз ҷониби мақомоти Эрон ҷузъиёти расмии ин музокирот ва натиҷаи онҳо ба таври мустақилона тасдиқ нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.