Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
БОР ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон 43, 27 миллион доллар грант ҷудо кард
Бонки осиёии рушд барои ислоҳот дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон 43,27 миллион доллар ҷудо кардааст.
Бар асоси иттилоъ ҳадафи грант ҳимоят аз ислоҳот дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон аст. Қисмати асосии грант барои беҳтар кардани кумакҳои аввалияи тиббӣ ва омодагӣ барои пешгирӣ аз хуруҷи бемориҳо пешбинӣ шудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа таҳкими низоми тандурустии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ барои пешгирии хуруҷи бемориҳо аст.
Самти дигари лоиҳа беҳтар намудани назорати бемориҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ аст. Озмоишгоҳҳои тандурустии ҷамъиятӣ низ дар доираи ин лоиҳа мавриди ислоҳот қарор мегиранд. Ҳадафи он баланд бардоштани иқтидори он барои ошкор намудан ва таҳлили бемориҳо аст.
Дар лоиҳа истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ низ пешбинӣ шудааст.
Гуфта шудааст, ки лоиҳа ба минтақаҳои деҳоти дурдаст ва наздисарҳадӣ низ таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Бонки осиёии рушд мегӯяд, дар чунин минтақаҳо дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва имконияти ошкор кардани бемориҳо, аз ҷумла силу ВНМО беҳтар карда мешавад.
Як қисми лоиҳа ба занону кӯдаконе вобаста аст, ки аз хушунат осеб дидаанд. Дар Тоҷикистон панҷ маркази махсуси хизматрасонӣ барои дастгирии чунин афрод таъсис ё тақвият дода мешавад. Кормандони соҳаи тандурустӣ низ масъалаҳои таҳдиди саломатӣ, оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хушунат нисбат ба занонро меомӯзанд.
Директори Бонки осиёии рушд Ко Сакамат гуфт, омодагӣ ба буҳрони эҳтимолии тандурустӣ қабл аз сар задани он хеле муҳим аст. Гуфта мешавад, ки маблағи грант аз чанд сарчашма таъмин мешавад. Аз ҷумла, 28 миллион доллар аз Фонди рушди Осиё, 10, 27 миллион доллар аз Фонди пешгирӣ, омодагӣ ва вокуниш ба пандемия ва маблағҳои дигар аз фондҳои Ҷопон ва фондҳои иқлимӣ ҷудо мешаванд.
Ин бонк мегӯяд, ки ин аввалин лоиҳаи тасдиқшуда дар доираи барномаи “Аз пиряхҳо то хоҷагиҳо” аст, ки аз Фонди иқлими сабз низ маблағ мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”