Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид
Имрӯз, 22-юми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи "Навниҳоли Ватан" ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.
"Фаъолияти муассиса дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади таъминоти иҷтимоии ятимони кулл, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 75 кӯдак роҳандозӣ гардидааст", - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”