Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар пойтахт Форуми байналмилалӣ ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имкониятҳои сайёҳии устувор» ва «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition-DITE-2026) баргузор гардид.
Тавре ки Раёсати рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар додааст, зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ, ташкили ҳамоҳангшуда ва таъмини баргузории чорабиниҳои мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ва муҳтавоию касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ навиштааст, ки «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026» ва Форуми байналмилалии Душанбе аз 24-ум то 26-уми сентябри соли равон дар пойтахти кишвар баргузор гардида, ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадам, дарёфти шарикони нав ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаи сайёҳӣ равона карда шудаанд.
“Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат, бахусус имкониятҳои шаҳри Душанбе дар самтҳои сайёҳии фарҳангию таърихӣ, экологӣ, кӯҳӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар навъҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026” иштироки 115 ширкат, аз ҷумла 22 ширкати хориҷӣ дар назар аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”