27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
22.09.2026 10:52

Ироқчӣ: “Мақомоти Эрон аз ҳаққи мардуми худ дар шаҳри Ню-Йорк дифоъ мекунанд”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар оғози сафараш ба шаҳри Ню-Йорк дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ гуфт, ҳадафи асосии сафари ҳайати эронӣ ба Амрико ва суханронӣ дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардуми Эрон аст.

Ӯ гуфт, сафари ҳайати эронӣ ба шаҳри Ню-Йорк дар шароити даргириҳои низомӣ сурат мегирад. Ӯ зикр кард, ки Созмони Милали Муттаҳид яке аз муҳимтарин минбарҳои байналмилалӣ барои баён намудани  мавқеи кишварҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, Эрон дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мехоҳад дар бораи вазъияти мардуми Эрон ва талафоти ҷонӣ дар ҷараёни ҷанг сухан гӯяд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, раиси ҷумҳури Эрон дар ҷараёни сафари корӣ дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ намуда, бо намояндагони расона, зиёиён ва муҳаққиқони эрониву хориҷӣ мулоқот хоҳад кард. Ӯ гуфт, Масъуд Пизишкиён дар ин сафар бо расонаҳои мухталиф суҳбат ва бо роҳбарони кишварҳои дигар мулоқотҳои дуҷониба хоҳад дошт.

Сайид Аббос Ироқчӣ аз коҳиши эътимод ба Созмони Милали Муттаҳид интиқод кард. Ӯ гуфт, шиори имсоли Маҷмаи умумии СММ - “Эҳёи эътимод ба Созмони Милал” нишон медиҳад, ки барқарор намудани эътимод нисбат ба ин созмон барои кишварҳои узв хеле муҳим аст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон аз мавқеи кишварҳои ғарбӣ дар муқобили низоъ дар Ғазза, Лубнон ва Эрон интиқод намуд.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи нақши Созмони Милали Муттаҳид дар низоъҳои байналмилалӣ ва самаранокии механизмҳои он барои ҳифзи сулҳу амният аз мавзуъҳои баҳсбарангези кишварҳои узв боқӣ мондааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.