27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
22.09.2026 09:31

Рақобати 155 довталаб. Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, 21-уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавон ба омӯзишу мутолиаи «Шоҳнома» ва арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ мебошад.

Манбаъ навиштааст, ки дар шаҳри Душанбе дар даври якуми озмун 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи даври дуюм 155 нафар иштирокчӣ бо назардошти ҷойҳои ифтихорӣ ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.

Афзуда мешавад, ки даври сеюми озмун аз 21-ум то 29-уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 21-22-уми сентябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 1-4, 23-24-уми сентябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 5–8, 25-26-уми сентябр  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 9-11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, синфҳои 10-11, 26-27-уми сентябр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - бакалавр ва магистр ва 28-уми сентябр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантон, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар озмун иштирок мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.