Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Доналд Трамп гуфт, аз идеяи мулоқот бо Пизишкиён истиқбол мекунад
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо расонаҳои амрикоӣ гуфт, аз пешниҳоди мулоқот бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол мекунад.
Доналд Трамп дар суҳбат бо хабарнигори “Fox News” гуфт, ба назари ӯ, дар рӯзҳои наздик “ҳодисаи бузург” рӯй хоҳад дод. Ӯ иддао кард, имкониятҳои мавҷуд аз нобудсозии пурраи Эрон, интизор шудан барои фурӯпошии иқтисодии кишвар ва расидан ба созиш иборат аст.
Доналд Трамп иддао кард, баъзе мақомоти эронӣ пинҳон шудаанд ва пайдо намудани шахсе, ки битавонад бо Вашингтон ба созиш расад, бисёр душвор аст.
Раиси ҷумҳури Амрико ишора кард, ки вазъият дар Ховари Миёна дар ин ҳафта, аз ҳафтаҳои гузашта фарқияти ҷиддӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳусиҳо дар тамоси доимӣ қарор доранд ва ба гуфти ӯ, онҳо розӣ шудаанд, ки бо Вашингтон вориди ҷанг нашаванд.
Ин суханони Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки миёни Эрон ва Амрико, беш аз ҳашт моҳ боз ҷанг идома дорад.
Трамп ин суханонро дар ҳоле баён мекунад, ки масъалаи барномаи атомии Эрон, муносибатҳои Вашингтону Теҳрон ва дурнамои музокироти эҳтимолӣ яке аз мавзуъҳои асосии сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ховари Миёна мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”