27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
21.09.2026 14:30

Пизишкиён фардо Амрико меравад

Пизишкиён фардо барои ширкат дар Маҷмаи Умумии СММ ба Ню-Йорк меравад.

Масъули равобити умумии Дафтари раиси ҷумҳури Эрон хабар додааст, ки Масъуди Пизишкиён рӯзи сешанбе барои ширкат дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Ню-Йорк меравад.

Ҳабибуллоҳ Аббосӣ, мудири кулли равобити умумии Дафтари раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи душанбе, 21-уми сентябр ба расонаи «ИРНА» гуфта, ки Пизишкиён барои ширкат дар 81-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ рӯзи сешанбе ба Ню-Йорк сафар хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ, дидору гуфтугӯ бо бархе аз раҳбарон ва мақомоти кишварҳои ширкаткунанда, мулоқот бо эрониёни муқими ИМА, инчунин, дидор бо намояндагони марказҳои таҳқиқотӣ ва коршиносони амрикоӣ аз барномаҳои сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Ню-Йорк мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «ИРНА» навиштааст, ки Доналд Трамп дар иқдоме, ки онро «бесобиқа ва душманона» номидааст, ба бархе аз аъзои ҳайати баландпояи Эрон, аз ҷумла аъзои гурӯҳи расонаии раиси ҷумҳури Эрон, барои ширкат дар нишасти Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк раводиди ИМА надодааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо, 81-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе, 22-юми сентябр дар қароргоҳи ин созмон дар Ню-Йорк оғоз мешавад ва шиори ин иҷлос «Барқарор кардани эътимод» аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.