27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:59, Душанбе
21.09.2026 13:20

Италия мехоҳад истифоди “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактабҳоро манъ кунад

Ҷорҷия Мелонӣ, сарвазири Италия гуфт, ки ҳукумат дар нақша дорад пӯшидани рӯй дар мактабҳоро манъ намуда, шумораи хонандагони хориҷӣ ё фарзандони муҳоҷирон дар синфҳоро маҳдуд кунад.

Ӯ рӯзи якшанбе дар ҳамоиши солонаи бахши ҷавонони ҳизби “Бародарони Италия” гуфт, ин масъала ба зудӣ дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ хоҳад шуд.

Ӯ гуфт, лоиҳаи пешниҳодшуда бархе падару модарони хонандагони хориҷиро, ки фарзандонашон дар мутобиқ шудани низоми маорифи Италия мушкилоти ҷиддӣ доранд, вазифадор менамояд, ки барои омӯзиши забони италиёӣ чораандешӣ намоянд.

Сарвазири Италия гуфт, истифодаи “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактаҳо низ бояд манъ карда шавад. Ӯ гуфт, хонандагон бояд бо чеҳраи кушода ба мактаб ҳозир шаванд.

Сарвазири Италия афзуд, ки ба баҳонаи расму оинҳо набояд занон ва духтарони ҷавон водор ба пӯшидани рӯй шаванд. Мақомоти Италия ҳанӯз шумораи ниҳоии хонандагони хориҷиро, ки метавонанд дар як синф таҳсил кунанд, мушаххас накараанд.

Бар асоси маълумоти як пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ, тақрибан 11,6 фоизи хонандагони сабтиномшуда дар мактабҳои Италия шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.

Италия аз ҷумлаи кишварҳои аврупоиест, ки ба он шаҳрвандони хориҷӣ ё паноҳҷӯён зиёд ворид мешаванд ва масъалаи муҳоҷирони хориҷӣ яке аз масъалаҳои пурбаҳс дар ин кишвар аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.