Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
"Бо ваъдаи таъмин ба манзили истиқоматӣ". Боздошти марде, ки ба шаҳрвандон беш аз 5 миллион сомонӣ зарар расондааст
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки ба шаҳрвандон зиёда аз 5 миллион сомонӣ зарар расониидааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ шаҳрванд Кароматуллои Исматулло, сокини 37-солаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст.
"Ҳоло 4 ҳолати қаллобии гумонбаршуда ошкор карда шудааст, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи номбурда дар умум 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд", - омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки нисбат ба гумонбаршуда Кароматуллои И. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Дар ин росто, мақомот эълон кардааст, ки шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018020202 муроҷиат намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”