Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Полис ҳушдор дод: нашри рекламаи дурӯғ 5 сол зиндон дар пай хоҳад дошт
Мақомоти полиси Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи паҳн намудани рекламаи бардурӯғ ҳушдор дода, гуфтаанд, ки анҷоми ин амал панҷ сол ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай хоҳад дошт.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пешниҳод кардани барқасдонаи иттилои нодуруст дар хусуси молу кор, хизматрасонӣ, дар бораи истеҳсолкунанда, фурӯшандаи он, бо ҳадафи ба даст овардани фоида ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Бар асоси иттилои ин ниҳод, дар моддаи 276-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар хусуси чунин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол муқаррар шудааст.
Полиси Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостааст, дар вақти рекламаи молу маҳсулот, хизматрасонӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, фақат иттилооти дақиқ ва воқеиро пешниҳод намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад