27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
21.09.2026 10:14

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ҳушдор дод: пиряхҳои Осиёи Марказӣ бо суръат об мешаванд

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар гузориши нави худ ҳушдор дод, ки пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ бо суръат об мешаванд ва ин раванд боиси коҳиши маҷрои дарёҳо ва таъминоти об дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Мутахассисони ин созмон вазъи обии панҷ соли ахирро бо нишондиҳандаҳои миёнаи давраии солҳои 1991-2020 муқоиса намудаанд. Нишондиҳандаҳо собит мекунанд, ки ворид шудани об ба обанборҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ин давра коҳиш ёфтааст.

Тибқи гузориш, маҷрои дарёҳо дар Осиёи Марказӣ дар сатҳе қарор гирифт, ки аз нишондиҳандаҳои муқаррарӣ пасттар ё ба таври назаррас, камтар арзёбӣ мешавад.

Вазъияти Баҳри Арал, ки аз ду рӯдхонаи бузург - Омударё ва Сирдарё об мегирад, яке аз масъалаҳои нигаронкунанда аст. Пажӯҳишгарони созмон ба вазъияти пиряхҳои минтақа таваҷҷуҳи хос намуда, гуфтаанд, ки пиряхҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ҳоло нисбат ба миқдори яхе, ки дар онҳо ҷамъ мешавад, бештар массаи худро аз даст медиҳанд.

Бар асоси ин гузориш, минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷумлаи се минтақа қарор гирифтаанд, ки дар он об шудани бо суръати пиряхҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Дар умум, бар асоси хулосаи созмони зикршуда, аз соли 2023 то 2025 пиряхҳои ҷаҳон, дар маҷмуъ, тақрибан 1,4 ҳазор гигатонна об аз даст додаанд.

Ин созмон мегӯяд, дар панҷ соли ахир ҳаҷми массаи ях дар пиряхҳои кӯҳӣ тақрибан 6, 2 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар гузориш зикр мешавад, баррасии ин масъала барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти хос дорад, зеро барфу ях манбаи муҳимми ташаккули маҷрои дарёҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Яъне беш аз нисфи оби баъзе минтақаҳои дарёӣ аз ҳамин сарчашмаҳо таъмин мешавад. Коҳиш ёфтани захираи пиряхҳо метавонад дар соли оянда ба ҳаҷми оби дастрас барои аҳолӣ, кишоварзӣ ва истеҳсоли неруи барқ таъсир расонад.

“Коҳиши тағйироти иқлимӣ ва коҳиши захираҳои ях нишон медиҳанд, ки масъалаи идора кардани захираҳои об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад”- зикр мешавад дар гузориши созмони мазкур.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.