27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
19.09.2026 16:06

“Телеграф”: Эрон метавонад Амрикоро аз Ховари Миёна берун кунад

Дар як мақолаи таҳлилӣ дар рӯзномаи “Телеграф” гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои густурдаи Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Ховари Миёна метавонад ҳузури низомии Амрико дар ин минтақаро зери суол барад. Муаллифи мақолаи таҳлилӣ мегӯяд, Эрон бо ин роҳ метавонад Амрикоро аз минтақаи Ховари Миёна берун кунад.

Ба навиштаи Дэниэл Депетрис, таҳлилгар ва муаллифи ин мақола, пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна, ки солҳои зиёд ба сифати неруи боздоранда амал мекунанд, дар ҷанги охир ба ҳадафҳои осон барои неруҳои эронӣ табдил шудаанд.

“Вашингтон пас аз ҷанги Халиҷи Форс дар соли 1991 сиёсати ҳузури пешрафтаи низомӣ дар минтақаро пеш гирифт. ИМА бо таъсиси пойгоҳҳои низомӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишварҳои арабии Халиҷ мехост ҳамлаҳои эҳтимолиро пешгирӣ кунад ва дар сурати сар задани низоъ, имкони вокуниши зуд дошта бошад”- таъкид мешавад дар мақола.

Ба гуфтаи ӯ, паёмади ин ҷанги ҳаштмоҳа фақат хисороти молӣ нест. Ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико суоли наверо дар заминаи зарурати ҳузури густурдаи низомии Амрико дар Ховари Миёна ба миён овардааст. Ӯ менависад, пас аз ин ҳамлаҳо стратегияи амниятии кишварҳои арабӣ тағйир меёбад. Роҳбарони Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар метавонанд масъалаи вобастагии дарозмуддати худ ба кафолатҳои амниятии Вашингтонро бознигарӣ кунанд.

Ӯ ба созишномаи нави дифоии Арабистони Саудӣ бо Покистон ва Туркия ишора намуда, онро ҳамчун ёфтани роҳи нави кафолатҳои иловагии амниятӣ арзёбӣ менамояд.

“Ҷанги кунунӣ метавонад Вашингтонро водор созад, то ҳадафҳои стратегии худ дар Ховари Миёна ва миқёси зуҳури низомии худ дар минтақаро аз нав баррасӣ кунад”- менависад муаллифи мақола.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.