Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Вазирони кишварҳои Шанхай дар Душанбе дар бораи интиқоли молу коло ва густариши тиҷорат гуфтугӯ карданд
Вазирони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи 17-уми сентябр дар ҷаласаи 25-уми созмони мазкур роҳҳои густариши тиҷорат, сода кардани расмиёти гумрукӣ ва таҳким додани роҳҳои интиқоли молу колоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора расонаҳо хабар дода, мегӯянд, ки дар ин ҷаласа вазирон ва намояндагони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви созмон вазъияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ намуда, густариши робитаҳои тиҷоратиро баррасӣ намуданд.
Намояндаи иқтисодиву тиҷоратии Ҳиндустон Яшвир Сингх дар ин ҷаласа гуфтааст, ки кишварҳои узв имконияти назарраси рушди тиҷорати дохилисозмониро доро мебошанд. Тибқи гуфтаи ӯ, коҳиши хароҷоти тиҷорат, таҳким ёфтани занҷираҳои таъминот ва рушди роҳҳои нақлиёт метавонад ба истифодаи бештари имкониятҳо мусоидат намояд. Ҷонибҳо дар ин нишаст ба рақамикунонии тиҷорат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Вазирон ва намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба зарурати ҳамкории бештар дар соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маъданҳои муҳим, дорусозӣ, саноат ва энергетика таъкид намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа вазирон ва намоянагони иқтисод ва савдои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай “Изҳорти вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оид ба фаълияти иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷӣ”-ро қабул намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”