Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Бонки рушди Авруосиё аз афзоиши 18,4 фоизии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хабар дод
Бонки рушди Авруосиё хабар дод, ки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бар асоси гузориши Бонки рушди Авруосиё афзоиши сармоягузории бахши хусусӣ яке аз омилҳои асосии раванди мазкур аст.
Ин бонк дар гузориши худ қайд мекунад, ки дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ҳаҷми хароҷоти сармоягузории бахши хусусӣ 1,5 баробар зиёд шудааст. Гуфта шудааст, ки қисми бештари ин маблағҳо ба бунёди манзил равона шудаанд.
Дар гузориш зикр шудааст, ки сармоягузории давлатӣ низ дар ин давра афзоиш ёфта, нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2025 7, 9 фоиз бештар шудааст.
Бонки рушди Авруосиё гуфтааст, ки фаъолияти сармоягузорӣ ҳамоно яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Тибқи гуфтаи ин ниҳоди молии байналмилалӣ рушди иқтисодии кишварро талаботи устувори дохиливу хориҷӣ ва афзоиши бахши истеҳсолӣ таъмин мекунад.
Ин бонк қаблан гузориш дода буд, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 8,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи арзёбии ин бонк рушди иқтисодии Тоҷикистон дар давоми соли 2026 8,3 фоиз мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”