Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Як низомии пешини афғонистонӣ дар кони ангишти Тоҷикистон ҷон бохтааст
Як низомии артиши пешини Афғонистон, ки аз тарси боздошт ва шиканҷа ба Тоҷикистон гурехта буд, дар кони ангишти Тоҷикистон ҷон бохтааст.
Гуфта мешавад, ки ин низомии афғонистонӣ дар пайи фурӯ рехтани қисмате аз кони ангишт, зери он монда, ҷон бохтааст.
Расонаҳои афғонистонӣ дар ин бора рӯзи 18-уми сентябр хабар дода, навиштаанд, ки ин низомии артиши пешини Афғонистон Ризо Муҷоҳидзода, фармондеҳи полиси ноҳияи Патуи вилояти Дойкундии Афғонистон буд ва баъди ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон ба Тоҷикистон омада буд.
Гуфта мешавад, ки Ризо Муҷоҳидзода якуним сол қабл дар вақти ҳаракат аз Кобул ба Дойкундӣ дар ноҳияи Ҷалрези вилояти Вардак аз ҷониби Толибон боздошт шуда буд. Ӯ баъди як моҳ аз боздоштгоҳ раҳо шуд ва баъдан низ чандин бор мавриди озору азият қарор гирифт. Ӯ баъди ин Афғонистонро тарк карда, ба Тоҷикистон меояд ва дар як кони ангишти Тоҷикистон кор мекард. Иттилооти дақиқ дар бораи ному макони кони ангишт ва дигар ҷузъиёти ин ҳодиса аз ҷониби расонаҳо нашр нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”