27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
19.09.2026 08:21

“Бозиҳо душвор хоҳанд шуд”. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона эълон шуд

Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати дастаро барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон кард.

Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон моҳҳои сентябр ва октябр се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-уми сентябр дар шаҳри Боку бо мунтахаби Озарбойҷон, сипас, дар шаҳри Чунтсини Чин 28-уми сентябр бо мунтахаби Фаластин ва 6-уми октябр бо тими миллии Чин бозӣ мекунад.

Манбаъ навиштааст, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 28 бозигар шомил шудаанд, аз ҷумла 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар.

Гуфта мешавад, ки мунтахаби кишвар 18-уми сентябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб омадагиро оғоз кард.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский қайд кардааст, ки бозӣ бо мунтахабҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин осон нахоҳанд буд, зеро рақибони пурқувватанд.

“Ҳар се бозиро мо дар меҳмонӣ баргузор мекунем, ки ин барои қобилияти даста дар мутобиқ шудан ба шароити мураккабтар, инчунин, парвозҳо ва сафарҳои тӯлонӣ, санҷиши ҷиддӣ хоҳад буд. Ман аз футболбозон омодагии комил, интизом ва тамаркузи баландро дар майдон талаб мекунам, зеро танҳо бо чунин муносибат мо метавонем пеш аз Ҷоми Осиё-2027, ки моҳи январ баргузор мешавад, ба саволҳои зарурӣ ҷавоб пайдо кунем”, - гуфтааст ӯ.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.