27 Сентябр 2026,
якшанбе, 17:34, Душанбе
18.09.2026 19:26

“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд

Сафар Абдураҳим, шоири ҷавони тоҷик дар арафаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи нави ашъори худро бо номи “Манам фарзанди Истиқлол” чоп кард.

Дар саҳифаи аввали ин маҷмуа омадааст, ки китоб бо маблағгузории Раҷабмо Одинаева, табиби дараҷаи олии кишвар, нашр шудааст.

Ба маҷмуаи нави ашъори Сафар Абдураҳим, яке аз ҳамнаслонаш, шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур сарсухан навишта, зикр мекунад, ки Сафар Абдураҳим кайҳо боз чун шоири маънисаро, ҷӯянда ва тозакор дар миёни насли нав ном баровардааст.

“Шеърҳо саршори муҳаббат ба Ватан, Модар, Падар ва арзишҳои олии инсонист. Гоҳе агар аз садоқат ба меҳан бигӯяд, гоҳи дигар огоҳинома мефиристад, ки душман аз мо чӣ мехоҳад:

Ҷамъему парешонии мо мехоҳанд,

Ҳам бесарусомонии мо мехоҳанд.

Гум карда раҳи хештан ин каҷравакон

Гумроҳию сарсонии мо мехоҳанд.

Аз ин занги бедорӣ ҳам хушам омад. Ӯ ба он  ҷавонмардони нодоне, ки барои пул ё ғаразҳои дигар  дар майдонҳои бегона ба каф камон гирифтаанд, чунин хитоба дорад:

Сарбози разми беҳадафи дигарон мабош,

Ҷонро барои хоки Ватан эҳтиёт кун.”- менависад Бузургмеҳри Баҳодур.

Бузургмеҳри Баҳодур дар канори навиштани сарсухан масъулияти муҳарририи ин маҷмуаро низ бар уҳда доштааст. Саҳифабанди ин маҷмуа Эҳсон Аъзамиён, таронанависи некноми кишвар аст.

Маҷмуаи назми “Манам фарзанди Истиқлол” китоби панҷуми ашъори Сафар Абдураҳим аст, ки бо теъдоди 500 нусха чоп шудааст.

Гуфтанист, ки Сафар Абдураҳим аз ҳалқаи маҳфили адабии “Чароғи абадӣ”-и Шоири халқии Тоҷикистон, устод Рустам Ваҳҳобзода берун омадааст. Рустам Ваҳҳобзода аз ҷумлаи устодонест, ки ба ашъори Сафар Абдураҳим баҳои баланд дода, ба яке аз маҷмуаҳои шеъри ӯ бо номи “Меҳроби офтоб” сарсухан навиштааст.

Нашри маҷмуаи панҷуми шеърҳои Сафар Абдураҳим дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд моҳ қабл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи “Меҳроби офтоб” муаррифӣ гардида буд.

Маҷмуаи шеъри “Манам фарзанди Истиқлол” гувоҳи дурахшиши ин шоири ҷавон дар майдони назми тоҷик аст. Ӯ бо нашри чунин маҷмуаҳо паёми дурахшиш дар майдони шеъри тоҷикро ба мо медиҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.