27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
18.09.2026 18:38

Ду кӯдак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.

Мақомоти полиси ноҳия гумонбари ин ҳодисаро боздошт намуда, тафтишоти пешакиро оғоз намудаанд.

Навори пайдо шудани ду кӯдаки дастбаста дар ғоре дар ноҳияи Муъмонобод дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокунишҳои мухталифро дар пай дошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баъди дидани ин навор аз мақомот хостанд, ки омилони ин ҷиноят ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки баъди нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Муъминобод ба тафтиши ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Тибқи иттилои полиси ин ноҳия, дар натиҷаи чораҳои оперативӣ шахсияти ин ду кӯдак мушаххас шудааст. Онҳо сокини деҳаи Чашмаи ҷӯшони ҷамоати деҳоти Тӯтиёни ноҳияи Муъминобод мебошанд.

Полиси ноҳия иттилоъ дод, ки ҳодиса рӯзи 16-уми сентябр рух додааст. Марди гумонбар ба ин ҳодиса боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки марди гумонбар кӯдаконро бо баҳонаи ҷамъ намудани себу ангур аз боғ ба ғори воқеъ дар ҳамин минтақа, бурдааст. Гумонбар дасту пойи кӯдаконро баста, онҳоро латукӯб намуда, ба куштан таҳдид кардааст.

Гумонбари боздоштшуда Раббонӣ Сайёд, сокини деҳаи Лангаршозода, соли таваллудаш 2007 мебошад. Полис мегӯяд нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Гуфта мешавад, ки вазъияти равони гумонбари боздоштшуда низ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.