27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ба шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ва ширкат дар Конфронси глобалӣ дар соҳаи инфрасохтор (GICC 2026) ин пешниҳодро матраҳ кард.

Дар ин хусусус, рӯзномаи “The Asia Business Daily” бо такя ба суханронии Азим Иброҳим навишт, ки роҳи оҳани шаҳри Душанбе 21, 5 километрро фаро мегирад ва қисматҳои шарқӣ ва ҷанубии Душанбе ва маркази шаҳрро ба ҳам мепайвандад.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки ширкатҳои кореягӣ аз ҳоло таҳқиқоти пешакии лоиҳаро анҷом дода, бо ҷузъиёти ин лоиҳаи инфрасохтории шаҳрӣ ошно мебошанд.

“Ширкатҳои кореягӣ таҳқиқоти техникӣ-иқтисодии лоиҳаро анҷом дода ва ҷузъиёти онро хуб медонанд. Мо умедворем, ки онҳо фаъолтар ширкат мекунанд” - зикр кард Азим Иброҳим.

Бар асоси иттилои нашрияи зикршудаи кореягӣ Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) аз соли гузашта, то моҳи июли соли 2026 таҳқиқоти пешакии лоиҳаи роҳи оҳани шаҳрии Душанберо ба анҷом расондаанд.

Дар ҷараёни нишасти байналмилалии GICC миёни ниҳоди Роҳи оҳани Тоҷикистон ва KORAIL созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санад метавонад барои ширкати ҷониби Корея дар марҳилаи минбаъдаи лоиҳа, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи асосӣ  замина фароҳам кунад.

Зикр мешавад, ки оғози бунёди роҳи оҳани даруншаҳрии Душанбе ба маблағгузорӣ вобаста мебошад. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки Душанбе барои татбиқ гардидани лоиҳа ба маблағгузории Фонди ҳамкории рушди иқтисодии Корея (EDCF)  ниёз дорад.

Азим Иброҳим дар доираи сафар ба Кореяи Ҷанубӣ бо мақомоти ин кишвар, аз ҷумла Бонки содирот ва воридоти Корея масъалаи маблағгузорӣ ба лоиҳаи роҳи оҳани даруншаҳрии Душанберо баррасӣ намудааст. Ӯ гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳоло интизори қарорҳои ҷониби Корея аст.

Дар ин нишаст Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иттилоъ дод, ки дар доираи нишасти GICC масъалаи имзои санади нави ҳамкорӣ бо ширкати Hyundai Engineering & Construction дар бахши бунёди роҳи оҳан ва метро низ баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин, вазир дар нишасти зикршуда афзуд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистон кӯҳсор буда, рушди роҳҳо ва инфрасохтори роҳи оҳан барои кишвар аҳамияти хос дорад.

“Тоҷикистон омодааст, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузорон, ширкатҳои муҳандисӣ ва бахши хусусиро густариш диҳад”- зикр намуд Азим Иброҳим.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси GICC 2026 дар Сеул бо ширкати намояндагони Тоҷикистон, Лаос, Бангладеш, Танзания ва Уганда доир шуд. Дар он кишварҳои ширкаткунанда лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории худро муаррифӣ намуда, аз ширкат ва ниҳодҳои молиявии Корея даъват намуданд, ки дар бунёд ва сармоягузории лоиҳаҳо ширкат намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.