Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман мегӯяд, ки дар 24 соати гузашта ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман неруҳои мусаллаҳи Арабистони Саудӣ ҳамлаҳои низомӣ анҷом доданд.
Ӯ гуфт, ҷангандаҳои Арабистони Саудӣ минтақаҳои мухталифи вилояҳои Таиз ва Ҳаҷҷаро мавриди ҳадаф қарор доданд. “Ҳавопаймоҳои F-15-и Арабистони Саудӣ аз Пойгоҳи ҳавоии “Хамис-Машит” парвоз намуда, дар давоми 24 соат 37 маротиба ба минтақаҳои мухталиф ҳамла намуданд” – гуфт Яҳё Сареъ.
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман афзуд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ғайринизомиён кушта ва захмӣ шудаанд.
Ҷузъиёти бештар дар хусуси шумори кушташудагон, захмиён ва макони дақиқи ҳамлаҳо пешниҳод нашудааст.
Ҳамлаҳои Арабистони Саудӣ ба Яман аз рӯзи 6-уми сентбяр оғоз шуда, то ҳол идома дорад. Дар ҷавоб неруҳои мусаллаҳи Яман ба полишгоҳҳои нафт ва бархе таъсисоти низомии Арабистони Саудӣ ҳамлаи низомӣ анҷом додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст