Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» ҷамъбаст гардид
17-уми сентябр дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузор гашта, ҳадафи асосии он баланд бардоштани нуфузи касбии табибон, ҳавасмандгардонии онҳо дар самти боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, муаррифии дастовардҳои табибони кишвар ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустӣ мебошад.
Манбаъ навиштааст, ки дар муҳлати муайянгашта дар платформаи рақамии озмун 2226 нафар табибон аз гӯшаву канори гуногуни мамлакат ба қайд гирифта шуданд. Озмун аз рӯи 35 номинатсия эълон гардида, тамоми самтҳои асосии фаъолияти тиббӣ, аз ихтисосҳои терапевтӣ ва клиникӣ то ҷарроҳӣ, ташхис, озмоишгоҳ ва дигар самтҳоро фаро гирифт.
“Ғолибони ҳар як наминатсия аз ҷониби Комиссияи эксперти ҳайати ҳакамон, ки аз роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ иборат буд, муайян карда шуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки ғолибони озмун бо дарназардошти сатҳи касбият, таҷриба, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ интихоб гардида, бо диплом ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”