Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт
Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи иттилои расонаҳо, Маҳмадраҷаб Абдуллозода ба ҳайси хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” ва сухангӯи раиси шаҳри Бохтар фаъолият мекард.
Гуфта мешавад, ки садамаи нақлиётӣ рӯзи 17-уми сентябр дар минтақаи Шаҳристон рух додааст. Мошине, ки ин хабарнигор ва се ҳамроҳи ӯ бо он сафар мекарданд, ба як мошини боркаш бармехӯрад ва дар натиҷа хабарнигори тоҷик дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Дар бораи шахсияти се нафари маҷруҳшуда иттилоъ дода нашудааст ва онҳо дар Бемористони марказии ноҳияи Шаҳристон бистарӣ шудаанд.
Дар пайи даргузашти Маҳмадраҷаб Абдуллозода мақомоти шаҳри Бохтар ба аҳли пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуданд. Дар ин изҳори ҳамдардӣ гуфта мешавад, ки “Мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз даргузашти нобаҳангоми Котиби матбуотии раиси шаҳр Маҳмадраҷаб Абдуллозода сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила, наздикону пайвандон ва дӯстони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамояд”.
Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Бохтар ӯ аз ҷумлаи ҷавонони нексиришт буд ва дар “иҷрои рисолати касбӣ” масъулияти худро даҳчанд иҷро менамуд.
Ҳамкорон ва дӯстони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ даргузашти ӯро ба хонаводааш таслият гуфта, зикр намудаанд, ки ӯ як инсони нексиришт, хушахлоқ ва дар кори худ ботаҷриба буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”